<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><hymn_number>200</hymn_number>
<title>Ба назди пок Яздон шав ту хомӯш Хд200</title>
<lyrics>[V1]
.Dm            C    Dm     C  Dm
 Ба назди пок Яздон шав ту хомӯш,
.Gm      C   Am Gm
 Намо дунёву ҳастиро фаромӯш.
.        Dm
 Ки то ҷони туро ором бахшад,
.C       Dm    A7         Dm
 Дили ғамдидаатро ком бахшад.

[V2]
 Чу тӯфони балои зиндагонӣ
 Туро созад аз ин дунё фиғонӣ,
 Дар ин дам дар дуо мехон Худованд,
 Зи ҷону дил ба Ӯ бинмой пайванд.

[V3]
 Дуо бахшад тавон бар қалби решат,
 Намояд шодмон қалби парешат.
 Шавад андӯҳу ғам яксар фарорӣ,
 Агар як дам ба Яздон рӯй орӣ.

[V4]
 Зи меҳри Ӯ чу дил саршор гардад,
 Ҳаме осон ба дунё кор гардад.
 Агар ҳастӣ ба қайди ғам гирифтор,
 Дуо кун, то шавад шодӣ падидор.

[V5]
 Сӯи Исо дуо кун, то ки ёбӣ
 Аз Ӯ шодиву асли комёбӣ.
 Масеҳо, Ту ҳаёти ҷовидонӣ,
 Ба ҷуз дар Ту набошад зиндагонӣ.

[V6]
 Туро ҳамду сипоси беадад бод,
 Ки ҷони мо зи меҳнат кардӣ озод.
 Ба мо омӯхтӣ тарзи дуоро,
 Ки биситоем ба номи Ту Худоро.</lyrics>
<key>F</key>
</song>